КУМИТАИ ИДОРАКУНИИ ХАТАРИ ОФАТИ ТАБИӢ (КИХОТ)
Дар доираи татбиқи лоиҳа ташкили кумитаҳои идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар 10 љамоат ва омўзиши на кам аз 500 нафар, ки аз онҳо 50% занон ҳастанд то соли 2018 ба нақша гирифта шудааст.
То санаи 1 августи соли 2016 дар 17 ҷамоати пилотӣ 17 кумитаҳои идоракунии хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шуда бо телефонҳои мобилӣ таъмин карда шуданд.
Дар доираи фаъолияти тавоноибахши ҷомеа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” зерпудратчии ШМБ ЕПТИСА дар давраи ҳисоботӣ 8 семинар вобаста ба мавзўҳои мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва огоҳкунии аҳолӣ аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Панч, Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Ишкошим ва Роштқалъа гузаронида шуд. Ба семинарҳои мазкур 233 нафар чалб гардид, ки аз онҳо 123 нафарро занон ташкил доданд.